Рейтинги FIFA: Ӯзбекистон дар ҷойи чандум қарор гирифтааст?


Дастаи мунтахаби миллии футболи Ӯзбекистон дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол миёни мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сегонаи аввал ҷой гирифт.
Бино ба иттилои манбаъ миёни мамлакатҳои ИДМ дар сегонаи аввал Русия – бо 1470 имтиёз дар ҷойи 38 — ум, Ӯзбекистон бо 1289 хол дар зинаи 85 ва Белоруссия бо 1280 имтиёз дар ҷойи 87 қарор гирифтаанд.
Тибқи ҷадвали раддабандӣ кишварҳое, ки бо имтиёзҳои баландтарин ба даҳгонаи аввал шомил шудаанд, инҳо мебошанд: Белгия — 1765; Фаронса — 1733; Бразилия — 1712; Англия — 1661; Уругвай — 1645; Хорватия — 1642; Португалия — 1639; Испания — 1636; Аргентина – 1623 ва Колумбия — 1622.
Қирғизистон бошад дар ҷойи 96, Арманистон — 102, Озарбойҷон — 114, Қазоқистон — 118, Тоҷикистон — 121, Туркманистон -129 ва Молдова дар зинаи 175 қарор гирифтааст.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ