Дар Амрико ва Аврупо эътирозгарон ба вайрон кардани ёдгориҳои таърихӣ шурӯъ карданд

Дар Амрико ва Аврупо эътирозгарон ба вайрон кардани ёдгориҳои таърихӣ шурӯъ карданд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар Амрико ва Аврупо эътирозгарон пас аз мубориза бо нажодпарастӣ ба вайрону нобуд кардани ёдгориҳои таърихӣ шурӯъ карданд.
Ҳайкалҳои сиёсатмадорони амрикоӣ ва бритониёиро рангкорӣ мекунанд ва баъзеяшро пас аз тахриб кардан ба об мепартоянд.
Якчанд рӯз пеш эътирозгарон муҷассамаи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷефферсон Дэвисро, ки дар Портсмут буд, сарнагун карданд. Дар Ричмонд ёдгории Колумб дар кӯл ғарқ шуд.
Мақомоти шаҳри Норфолк тасмим гирифтанд, ки ғазаби тазоҳургаронро интизор нашаванд ва ҳайкали Ҷонни Рабро пешагӣ бигиранд.
Ҷанг бо муҷассамаҳо дар тарафи дигари Атлантик ҷараён дорад. Дар Лондон онҳо муҷассамаи Уинстон Черчиллро хароб карданд.
Ҳатто дар Зеландияи Нав ҳам ба ёдгориҳои таърихӣ ҳамла меоварданд. Дар Ҳэмилтон ҳайкали Ҷон Ҳэмилтон тахриб шуд.
Эътирози оммавӣ дар Иёлоти Муттаҳида 25-УМИ май оғоз ёфт. Сабаби сар задани ошӯбҳо марги Ҷорҷ Флойди 46 — сола буд, ки ҳангоми боздошт аз ҷониби полис дар Миннеаполис кушта шуд.
Дар тӯли чанд соат, эътирозҳо дар дигар шаҳрҳои ИМА авҷ гирифт. Иштирокчиён бо шиори “Зиндагии сиёҳ” бо овози баланд талаб мекунанд, ки бо нобаробарии нажодӣ дар кишвар мубориза баранд.
Аввали моҳи июн мавҷи эътирозҳо кишварҳои Аврупо, бахусус Фаронса ва Бритониёро забт кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ