Антониу Гуттериш: ҷаҳон паёмадҳои пандемияро акнун дарк менамояд


Пандемияи коронавирус буҳрони бесобиқаи иқтисодиеро ба бор овард, ки дар тамоми ҷаҳон миллионҳо нафар аз он азият мекашанд. Ҳамзамон, барои инсоният имкониятҳои нав ба вуҷуд омаданд, яъне акнун иқтисодиётро бо назардошти муқовимат алайҳи тағйирёбии иқлим ва тақсимоти одилонаи маблағҳо метавон барқарор намуд, гуфт Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш. Дар ин бора хадамоти иттилоотии СММ хабар медиҳад.
Муншии кулли СММ зимни суханрониаш дар ҷаласаи фавқулодаи Иттиҳоди сармоягузорони ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор даъват ба амал овард, ки аз имконият истифода баранд ва барои он, ки созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои иқтисодии аз лиҳози экологӣ тозаро маблағгузорӣ намоянд, суръати таҳаввулотро тезонанд, сармоягузорони инфиродӣ бошанд, ба он корхонаҳое маблағ ҷудо намоянд, ки ҳадафи онҳо ба нестӣ расонидани партовҳои зараррасон ба ҳаво аст.
Дар баромади худ Антониу Гуттериш зикр намуд, ки ҷаҳон паёмадҳои пандемияро акнун дарк менамояд: сафи бекорон зиёд мешавад, корхонаҳое, ки муваққатан аз кор мондаанд, шояд дигар ҳеҷ гоҳ фаъол нагарданд. «Барои барқарор кардани нишондиҳандаи тобуҳронӣ эҳтимол солҳо лозим шаванд»,- гуфт ӯ. СММ аз он нигаронии ҷиддӣ дорад, ки зарбаи гӯшношуниди иқтисодӣ кӯшишҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устуворро халалдор месозад.
Соли 2015 дар Саммити Ню-Йорк сарони давлатҳо санадеро таҳти унвони «Таҳаввулоти ҷаҳони мо: барномаи рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030»-ро қабул намуданд. Он тадбирҳоро оид ба беҳдошти зиндагии аҳолии сайёра, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқи инсон, маориф, нигаҳдории тандурустӣ ва некӯаҳволии иқтисодиро пешбинӣ менамояд. Ин гапи хушку холӣ нест, дар назди инсоният вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд. Мушкилии алоҳида маблағгузории ин кӯшишҳост. Ҷаласаи фавқулода барои он зарур буд, ки арзёбии таҳдидҳо ва андешидани чораҳо вобаста ба вазъият бо COVID-19 татбиқ карда шаванд.
Муншии кулли СММ ҳачунин ёдовар шуд: «Дар натиҷаи буҳрон чун ҳамеша табақаи аз ҳама камбизоат ва осебпазири аҳолӣ ранҷ мекашад». «Маҳз дар ин миён аксарияти онҳоеанд, ки ҷои корашонро аз даст додаанд, аз ҳифзи иҷтимоӣ бархӯрдор нестанд ва дар ҳолати бемор шудан аз сабаби сарбории зиёди низоми тандурустӣ кӯмак гирифта наметавонанд.
Дар баробари ин, Антониу Гуттериш, таъкид намуд, ки буҳрон инчунин барои бунёд намудани ҷаҳони адолатманд ва ҳифз намудани табиат имконияти хубе фароҳам сохт. Чунончи, дар пешорӯи пандемия истеъмоли энергия коҳиш ёфт. Акнун одамон бештар технологияеро истифода мебаранд, ки ба воситаи он вобастагии иқтисодиёт аз сӯзишвории зеризаминӣ кам мешавад. «Ин гуна тағйиротҳо метавонанд оғози раванди беҳсозии ҳаёт дар сайёра бошанд»,- ақида дорад сарвари СММ.
Ба гуфти ӯ, бо вуҷуди ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд фақат ба таҳаввулоти мусбӣ, ки худ ба худ ба амал меояд, умед бандад. Мавқеи фаъолро бояд ишғол кард, то ин ки дар барқарорсозии иқтисодиёт ҳамоҳанги вазифаҳое шавад, ки дар рӯзнома барои давраи то соли 2030 барномаи Аддис-Абеб (амалиёт оид ба сармоягузории рушд) ва созишномаи Париж оид ба иқлим мувофиқат кунанд. Ин чунин маъно дорад, ки тиҷорат бояд манфиатҳои ҳам сармоягузорон ва ҳам саҳмдорон, инчунин истеъмолкунандагонро ба назар гирад. Ҳамзамон дар аснои татбиқи лоиҳаи мушаххас муҳити зистро ҳам бояд ба инобат гирифт.
Дар ҷаласаи фавқулодаи Иттиҳоди сармоягузорони ҷаҳонӣ, ҷиҳати иҷрои Ҳадафҳои рушди устувор, ки он дар шакли маҷозӣ сурат гирифт, иқтисодчиёни пешбар аз бисёр кишварҳои ҷаҳон ширкат намуданд, ки собиқ вазири молияи ИМА Ларри Саммерс низ миёни онҳо буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ