Гурӯҳи дуюми табибони Полша ба Тоҷикистон ташриф оварданд

Гурӯҳи дуюми табибони Полша ба Тоҷикистон ташриф оварданд
  • Post category:Ҷаҳон


Дирӯз гурӯҳи дуюми табибони Полша ва коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иборат аз 9 нафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар.
Дар манбаъ зикр гардидааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Ҳадафи ташрифи ин гурӯҳи мутахассисони соҳаи тиб ба ин кишвар табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки шоми 6-уми июн гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд .

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ