Қабул — 2020-2021: хабарҳои асосӣ

Нишондодҳои асосии ҷараёни қабул ва имтиҳонҳои дохилшавии соли таҳсили 2020-2021 бо қарори президент муайян карда мешаванд.
Чи хеле ки хабар дода будем аз 13- уми июни соли ҷорӣ Қарори Президент «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатии қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соли таҳсили 2020-2021» қабул карда шуд.
Мувофиқи он, ҷараёни қабул ва имтиҳонҳои дохилшавӣ барои соли хониши 2020-2021 муайян карда мешавад:
Ҳуҷҷатҳо барои дараҷаи бакалаврӣ ба муассисаҳои таълими олӣ аз 20-уми июн то 20-уми июл (рӯзи 20-уми июл ҳам) қабул карда мешаванд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро тавассути марказҳои хизматрасонии давлатӣ (дар ҳудудҳои алоҳида), Портали ягонаи интерактивии давлатӣ (дар тамоми ҳудудҳо) ва вебсайти расмии Маркази тести давлатӣ супоранд.
Квотаҳо барои дохилшавӣ ба мактабҳои таълими олӣ барои соли хониши 2020-2021 тасдиқ карда шуданд. 103 ҳазору 575 нафар донишҷӯ ба шӯъбаи рӯзона, 31 ҳазору 350 нафар донишҷӯ ба шӯъбаи ғоибона ва 5025 нафар донишҷӯ ба шӯъбаи шабона қабул карда мешаванд. Квота барои унвони магистр дар соли ҷорӣ 10 ҳазору 425 нафарро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ