Вазири тандурустии Қазоқистон гирифтори коронавирус гардид


Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, баъди он ки ташхиси гирифториаш ба вируси корона натиҷаҳои мусбат нишон доданд, дар бемористон бистарӣ шуд.
«Дӯстон, мутаассифона маҷбурам, ки хабари нохушро расонам. Ташхиси охири ман натиҷаи мусбат нишон дод. Ман дар бемористон бистарӣ шудам», — навиштааст вай рӯзи 14 июн дар саҳифаи Фейсбук.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай гуфтааст, тамоми чораҳои беҳдоштиро риоя кардааст, аммо «хатар ҳамеша вуҷуд дорад». Вазир ҳамзамон аз шаҳрвандони Қазоқистон даъват кард, ки «карантини шахсӣ»-ро риоя кунанд ва дар маконҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб гашту гузор карда, фосилаи иҷтимоиро ҳам риоя намоянд.
Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон, дар ин кишвар 14 ҳазору 496 кас гирифтори коронавирус шудаанд. То ин замон дар он кишвар 73 кас ин вабо фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ