Сармутахассиси садорати таълими Халқ вақти фурӯхтани лавозими директории мактаб дастгир шуд

Сармутахассиси садорати таълими Халқ вақти фурӯхтани лавозими директории мактаб дастгир шуд

Сармутахассиси Садорати таълими Халқи вилояти Тошканд С.А. вақти пулгирӣ аз шаҳрванд барои дар мактаб директор таъин шуданаш ба даст афтод. Дар ин бора Хизмати матбуоти Сарпрокуратура маълум кард. С.А. ба боварии Э.Ш. даромада, ба ивази бо ёрии шиносҳояш дар яке аз мактабҳои шаҳри Олмалиқ ба лавозими директорӣ таъин кардан 2000 доллари ИМА талаб кардааст. Аз ин 200 долларро пешакӣ ба даст оварда, вақти гирифтани пули боқимонда бо далели ашёвӣ дастгир шудааст. Аз рӯйи ҳолати мазкур нисбати С.А, бо қисми 3-и моддаи 168 ва моддаи 21. 211 парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ҳаракатҳои кофтуковӣ бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ