Рӯзи 16-уми июн дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Рӯзи байналмилалии кӯдакони Африқо.

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи ҷавонон.

Соли 1842 дар Иёлати Миссисипии Амрико аз сабаби ба амал омадани тӯфони сахт зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1903 дар Амрико Генри Форд ширкати мошинсозии «Форд Мотор»-ро таъсис дод, ки ҳоло яке аз бонуфузтарин ширкатҳои мошинсозии ҷаҳон мебошад.

Соли 1903 аввалин маротиба тамғаи аксизии «Пепси-Кола» ба қайд гирифта шуд.

Соли 1963 аввалин зани кайҳоннаварди ҷаҳон Валентина Терешкова бо киштии кайҳонии «Восток – 6» ба кайҳон парвоз кард.

Соли 1982 футболбози англис Брайан Робсон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар бозӣ бо дастаи Фаронса аз ҳама голи тезтаринро зад. Ӯ дар сонияи 27-уми бозӣ тӯбро ба дарвозаи ҳарифонаш ворид кард.

Соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, оид ба мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 34-уми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ