Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оиди таъмир ва навкунии ускунаҳои лифтҳои хонаҳои бисёрҳуҷрагии ҷумҳурият дар солҳои 2021-2027» қабул гардид. Дар ин бора «Норма» хабар дод. Бо ҳуҷҷат барномаи таъмир ва навкунии ускунаҳои лифтҳои хонаҳои бисёрҳуҷрагӣ дар солҳои 2021-2027 тасдиқ гардид. Ба ин корҳо аз буҷаи давлатӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Ба вазорати хизматрасонии коммуналии хонаву ҷой супоришҳо дода шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ