Сарвазири Қирғизистон аз вазифа барканор шуд


Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев истеъфо дод, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳукумати Қирғизистонро аз моҳи апрели соли 2018 сарварӣ кардааст. Расман, сипати худро Абилғозиев пас аз имзои фармони дахлдори кишвардор Сооронбай Жээнбеков тарк хоҳад кард.
Сарвазири Қирғизистон рӯзи 27 май дар пайи ҷанҷоли фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз ба рухсатии кутоҳмуддат баромад. Вай гуфт, ҳадаф аз ин рухсат «роҳ надодан ба овозаҳое дар бораи фишор овардани сарвазир ба ҷараёни тафтишот ва таъмини шаффофияти тафтишот аст».
Айни ҳол ноиб-сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов фаъолияти ҳукумати Қирғизистонро пеш мебарад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ