Дар Самарқанд дар байни аҳолӣ сирояти коронавирус аниқ гардид


То 16-уми июн, соати 17:00 дар кишвар дар 5328 нафар шаҳрванд ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3637 нафар шифо ёфтаанд, хабар медиҳад Вазорати ҳифзи тандурустии мамлакат.
Тӯли ҳафт соати гузашта дар 35 нафар сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуд.
Мутаассифона дар вилояти Самарқанд дар 2 нафар аз байни аҳолӣ сирояти коронавирус аниқ карда шуд. Яке аз онҳо сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чароғбони ноҳияи Тайлоқ, устои таъмиргари автомоилҳо (аз сабаби баланд гардидани ҳарорат намуна гирифта шудааст) ва дигаре корманди филиали “Ҳамкорбанк” дар ноҳияи Ургут (аз тамоми кормандони ин муассиса бо мақсади профилактика намуна гирифта шудааст) мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ