Шодмонӣ оварад дидори ёру дӯстон…

Фармон Тошев (Қарнабӣ) 6-уми апрели соли 1954 дар деҳаи Қарнаби ноҳияи Пахтачӣ таваллуд шудааст. Соли 1975 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намудааст. Фаъолияташро ҳамчун рӯзноманигор оғоз карда, аз соли 1998 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Зарафшон» аст. Муаллифи асарҳои назмиву насрии зиёде мебошад. Девони ғазалҳояшро мураттаб сохтааст. Фармон Тошев бо орденҳои «Меҳнат шуҳрати», «Эл-юрт ҳурмати» мукофотонида шудааст.

Шодмонӣ оварад дидори ёру дӯст
Эй фалак, нодон касеро баҳри ман ҳамдам макун,
Улфатам бадкорҳоро як нафас, як дам макун.
Аз барои ман мадеҳ,
майлаш, ту тоҷу тахту бахт,
Обрӯю эътиборам байни ёрон кам макун.
Гоҳ бар некон ғаму баҳри бадон ишрат расад,
Некро гирёну бадахлоқро хуррам макун.
Бахту давлатро шавад соҳиб як рӯз мард,
Бар сарам андӯҳ н-овар, ҳеҷ ношодам макун.
Қалби ошиқ метапид дар ҳаҷри ёри гул барин,
Дарди дилро ҳеҷ аз пазмоншавӣ малҳам макун.
Шодмонӣ оварад дидори ёру дӯстон,
Бандаро аз сӯҳбати ёрони ҷонӣ кам макун.
Қарнабӣ, асло машав дур аз умеду орзу,
Мушкили яклаҳзагиро ту иваз бар ғам макун.

Фармон ТОШЕВ.

Дар дили ман ишқ пайдо кардаӣ,
Ту маро бар хеш шайдо кардаӣ.
Менамояд тор дунё пеши чашм,
Ту муҳаббатро чу дунё кардаӣ.
Ҷисмро гирад фаро хуш изтироб,
Қисматам чун боғ зебо кардаӣ.
Осмон пур гашт аз фикру хаёл,
Мақсадамро хубу воло кардаӣ.
Эй сиёҳабрӯй, бо ман гаштӣ дӯст,
Ҷисму ҷонамро ту маъво кардаӣ.
Раҳм нанмудӣ ба ҳоли зори ман,
Сад ҷафоро лоиқи мо кардаӣ.
З-интизорӣ чеҳраи ман зард шуд
Ранҷҳо бисёр бар мо кардаӣ.
Қарнабӣ пурсид аз ту чун вафо,
Оташин гардида ғавғо кардаӣ.

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
Салим КЕНҶА.

Чӣ савдоҳо надид ин дил чу ту як дилрабо ҷуста,
Наход умрам шавад охир,
самар з-ин муддао ҷуста?
Банӣ ошиқ, ки дидам ман, ҳама ғамноку девона,
Ба Саҳрои Кабир овора маъшуқу вафо ҷуста.
Магар дорад мурувватро
дареғ аз бенаво тақдир,
Ки ошиқ маъюсу гирён ба дарди худ даво ҷуста.
Тамошогоҳи гардун лолу ҳайронам гаҳе созад,
Яке сарсон фано дида, яке хушдил бақо ҷуста.
Дилам хоҳад навои хуш, дилам хоҳад сабои хуш,
Дилам хоҳад муҳаббатро навоҳо аз сабо ҷуста.
Баҳою қадри ишқатро, аё Фармон, киромӣ дор,
Фараҳ ёбад асил ошиқ зи санҷишҳо сафо ҷуста.

Одами бешавқро мактаб абас,
Бемурод аст умр агар, матлаб абас.
Гар надодандаш фаросат волидайн,
Зеҳну одоби хушу хуштабъ абас.
Ношудат аз худ намеронад магас,
Беғаму бедардро мансаб абас.
Ҳар кӣ натвонад кунад изҳори фикр,
Баҳри ӯ ширин забону лаб абас.
Ҳеҷ аз нокас мапурс инсофу адл,
Баҳри ин, Фармон, суроғу таъб абас.

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
Акбар ПИРӮЗӢ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ