Ба некон ҳама некӣ ояд фуруд…

Ба некон ҳама некӣ ояд фуруд…

Бадонро бад ояд зи чархи кабуд,
Ба некон ҳама некӣ ояд фуруд.
Макун ҷуз ба некӣ гарояндагӣ,
Ки дар некномист пояндагӣ.
Инсон – олитарин мавҷудоти офаридаи табиат аст, ки соҳиби шуур ва нутқ мебошад. Тӯли ҳазорсолаҳо ақли инсоният, ки худ як ҷузъи табиат мебошад, инкишоф ёфта, барои дастрас намудани сарватҳои табиӣ ҳаракат мекунем ва дар ин бобат то ҳадде муваффақ низ гардидаем.
Хуб медонем, ки таъсиррасонии нодурусти одамон ба табиат боиси вайрон шудани ҳавои атмосфера, хароб гардидани олами наботот ва ҳайвонот мешавад. Дар ҳамин маврид саволи барҳақ ба миён меояд: оё ин рафтори мо ба арзишҳои умумбашарӣ мувофиқ аст? Мо дар истифодаи захираҳои табиӣ ба мезонҳои инсонпарварӣ, сарфакорӣ, корбурди оқилона амал мекунем?
Мутаассифона, ҷавоби ин саволҳо табъро хира месозад. Ва натиҷаи чунин рафтори нодурусти мост, ки захираҳои табиӣ кам гардида, сол то сол экология вайрон мешавад. Пиряхҳо об шуда, сатҳи оби баҳру дарёҳо боло меравад ва ба аксари кишварҳои ҷаҳон хатари обзеркунӣ таҳдид мекунад. Оби нӯшиданӣ кам мешавад ва норасоии оби ширин боиси ба вуҷуд омадани муаммоҳои зиёди табиӣ мегардад. Бемориҳои сироятӣ паҳн мешаванд ва ба саломатии одамон таҳдид мекунанд.
Имрӯз мардуми аксари ҷаҳон бо бемории сироятии коронавирус мубориза мебаранд, ки ин ҳам як паёмади нохуши рафторҳои мост. Ҳар рӯз садҳазорон нафар гирифтори ин беморӣ гардида, ҳазорон пиру ҷавон аз сирояти он вафот мекунанд.
Дар мамлакати мо бо мақсади пешгирии паҳншавии беморӣ чорабиниҳои муҳим андешида шуд. Корҳои зиёд амалӣ гардид. Натиҷаи ин аст, ки адади гирифторон рӯз то рӯз кам ва шумораи шифоёфтагон то рафт зиёд мешавад. Шаҳру ноҳияҳо ба тоифаҳо ҷудо гардида, аз нав дар кӯчаҳо ҳаёт ҷӯш мезанад.

Одамон ба кӯча, ба дидори дӯсту пайвандон саёҳат дар канори табиат мешитобанд. Аммо мо набояд аз ин имкониятҳо бесамар истифода барем. Дар ҳар гуна ҳолат риоя ба қоидаҳои карантин ва талаботи пешгирии коронавирус бояд вазифаи аввалиндараҷаи мо бошад.

Дар ҳамин давраи пандемия, ки барои одамон санҷиш аст, бояд мо дастгири ҳамдигар бошем, ба ёру дӯстон, ниёзманду мӯҳтоҷон дасти ёрӣ дароз кунем. Накӯкору саховатманд бошем. Агар ба касе некӣ карда наметавонем, ақаллан бадӣ накунем, агар хурсанд кардан аз дастамон намеояд, пас ғамгин насозем.

Меҳринисо ЗАЙНИЕВА,
омӯзгори мактаби таълими умумии
рақами 6-и шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ