Эҳтиёт шавед, малах?!

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо оиди «ҳуҷум»-и малахҳо паҳн шуд. Баъзе одамон дар майдонҳои ноҳияҳои Нуробод ва Қӯшработ аз ҳад зиёд паҳншавии малахҳоро хабар медиҳанд. Мегӯянд, ки онҳо аз Ҳиндустону Покистон ба ин ҷо омадаанд. Оё ин хабарҳо асос доранд? Ба ин савол омӯзгори калони факултаи иқтисодиёт ва агротехнологияи Донишкадаи медитсинаи ветеринарии Самарқанд Салоҳиддин АҲМЕДОВ ҷавоб дод:
– «Ба хавотир асос нест. Ҳар сол дар ин фасл ин мавзӯъ як-ду маротиба баррасӣ мешавад. Одатан тухмии малахҳо зимистонро дар хок мегузаронанд. Дар баҳор аз тухмиҳо личинкаҳо мебароянд. Онҳо хӯрок ҷуста, рӯзе то 5-7 километр масофаро тай мекунанд. Даври личинкаҳо 36-40 рӯз буда, дар ин давр онҳо синни 5-ро мегузаронанд ва ба ҳашарот табдил меёбанд. Дар дунё аз беш аз 20000 навъи малах мавҷуд, ки 50 навъаш зараровар аст. Дар мо тахминан 250 навъи он вомехӯранд. Дар зимистону баҳор ҳангоми зиёдшавии боришот шумораи онҳо аз сабаби дар хок нобудшавии тухмӣ кам мешаванд. Агар сол хушк ояд, шумораи онҳо зиёд шуданаш мумкин. Баҳори соли ҷорӣ сербориш омад. Аз ин рӯ, овозаҳои одамон беасосанд. Дар қамишзорҳои Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва майдонҳои вилояти Хоразм малахҳои тӯқай, дар майдонҳои вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ малахҳои воҳа, дар саҳроҳои вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд ва водии Фарғона малахҳои Марокаш зиёд шуданаш мумкин аст. Онҳо аз дигар ҷойҳо наомадаанд. Ҳар сол малахҳо аз 700000 то 2 миллион гектар замин паҳн мешаванд. Дар хушксолӣ онҳо мумкин ба майдонҳои обёришавандаи аҳолӣ «ҳуҷум» кунанд. Соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Нуробод, Ҷомбой, Булунғур ва Қӯшработ аз ҷониби Ҷамъияти муборизаи зидди малахҳо, Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят, Садорати ҳифзи растаниҳои вилоят корҳои муборизаи кимёвӣ бурда шуд. Онҳо асосан дар саҳроҳо зиёд мешаванд ва барои ҳамин, корфармоии моддаҳои кимиёвӣ барои саломатии одамон зарар намерасонад. Ҳоло олимони донишкадаи мо роҷеъ ба роҳҳои мубориза бар зидди малахҳо тадқиқот ва корҳои илмӣ мебаранд.

Гулчеҳра БЕРДИЁРОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ