Барои шаффофияти суд чӣ монеъ мешавад?

Барои шаффофияти суд чӣ монеъ мешавад?

Дар бинои суди вилоят оид ба корҳои ҷиноятӣ бо иштироки сенаторон, депутатҳои Палатаи қонунофарӣ ба аъзогии суди олӣ, ки аз Самарқанд интихоб шудаанд ва вакилони палатаи адвокатӣ сӯҳбати гирди мизи мудаввар баргузор гардид.
Ба ҷамъомад аъзои доимии кумитаи оид ба мудофаа ва бехатарии Олий Маҷлис, сенатор Фарҳод Боқиев сарварӣ намуд.
Дар сӯҳбат савол ба миён гузошта шуд, ки оё дар мо судҳо мустақил ва фаъолияти онҳо шаффоф аст?
Зикр гардид, ки ислоҳотҳои дар соҳаи ҳуқуқ амалигардида барои таъмини шаффофияти соҳаи мазкур хизмат мекунад. Алалхусус, ихтисосёбии идораҳои суд, гузаронидани ҷамъомадҳои сайёр ва суд ба тарзи онлайн, зиёд шудани ҳукмҳои сафедкунӣ ва қабл аз таъин гардидани судҳо аз сӯҳбати ҷамоатӣ гузаштани онҳо, барои ба зинае боло рафтани суди одил хизмат мекунад.
Инчунин, дар сӯҳбат масъалаи баробарҳуқуқии адвокат ва прокурор дар маҷлиси судҳо алоҳида таъкид гардид.
– Сӯҳбати гирди мизи мудаввар хеле муфид гузашт, – гуфт раиси суди ноҳияи Самарқанд оид ба корҳои ҷиноятӣ Толибҷон Бойзоқов. – Саволу ҷавобҳо гуногун буданд ва мо аз бисёр навидҳо бохабар шудем, таклифҳои холиси худро изҳор кардем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ