Асрори дӯзандагиро меомӯзанд

Асрори дӯзандагиро меомӯзанд

Дар маҳаллаи Ғафур Ғуломи шаҳри Самарқанд коргоҳи дӯзандагӣ дар шароити пандемияи коронавирус фаъолияти худро давом медиҳад. Ба он зани кордону чолок, сокини маҳалла Фирӯза Нарзиқулова роҳбарӣ мекунад. Ӯ чанд сол пеш бо раиси маҳалла Олимҷон Ғафуров маслиҳат карда, дар шафати бинои маҳалла фаъолияти коргоҳи хурди дӯзандагиро ба роҳ монд. Ҳоло дар ин ҷо 10 нафар занону духтарони маҳалла кор мекунанд ва барои таъмини рӯзгор ёрӣ мерасонанд. Дӯзандагон дар асоси риоя ба қоидаҳои карантин барои мардум ниқобҳои тиббӣ, курта ва шим медӯзанд.
– Бо мақсади рағбатноксозии инкишофи иқтисодӣ ва фаъолияти инвеститсионӣ, барқарорсозии суръати истеҳсолот, афзунсозии таъмини шуғли аҳолӣ, зиёд намудани даромадҳо ва дастгирии субъектҳои тадбиркорӣ дар давраи пандемияи коронавирус Фармони Президенти мамлакатамон «Дар бораи чораву тадбирҳои навбатӣ доир ба дастгирии аҳолӣ ва субъектҳои тадбиркорӣ дар давраи пандинемияи коронавирус» имзо гардид, – гуфт Фирӯза Нарзиқулова. – Дар асоси фармон ба соҳибкорон ва тадбиркорони тартиби якка як қатор имтиёзҳо дода шуд. Ният дорем, ки бо истифода аз ин имтиёзот дар оянда корхонаро васеъ намуда, 50-60 нафарро ба кор ҷалб мекунем. Мақсади асосии мо бо кор таъмин намудани занони бекор ва ба духтаракони маҳалла омӯхтани асрори дӯзандагӣ мебошад.

Наврӯз БОБОАҲМЕДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ