Прокуратураи Қиғизистон Алмосбек Отамбоевро дар раҳо кардани ҷинояткори ашадӣ гунаҳгор донист

Прокуратураи Қиғизистон Алмосбек Отамбоевро дар раҳо кардани ҷинояткори ашадӣ гунаҳгор донист
  • Post category:Ҷаҳон


Прокуратураи Қиғизистон президенти собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дар раҳо кардани ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев аз зиндон гунаҳгор дониста ба ӯ 15 соли зиндон ва мусодираи амвол талаб кардааст.
Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон ин иттилоияро дар додгоҳи ноҳияи Якуми май тасдиқ карда гуфтанд, суд бо баромади айбдоркунандаи давлатӣ ва вакидони дифои муттаҳамон баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин ба муттаҳамони дигари парвандаи Азиз Батукаев собиқ прокурории генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаве 15 сол, ва барои ду мансабдори дигар — мушовири пешини сардори Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо Қалибек Качкиналиев ва собиқ директори Маркази миллии гематологӣ Абдуҳалим Раимҷонов — 13 солӣ зиндон талаб кардааст.
Гуфта мешавад дар маҷмӯъ 19 нафар дар парвандаи раҳоии Азиз Батукаев муттаҳам мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2006 Батукаев барои ташкили тазоҳурот дар як муассисаи ислоҳотӣ дар канори Бишкек ба 16 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ