Коронавирус дар Арабистон пас аз ифтитоҳи масҷидҳо якбора авҷ гирифт

Шабонарӯзи ахир дар Арабистони Саудӣ беш аз 4,5 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар Арабистони Саудӣ сар аз 1 — уми июн дари масоҷид ба рӯи намозгузор боз гардид. Қаблан дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус дар Арабистони Саудӣ қарантини сартосарӣ ҷорӣ буд ва фаъолияти масоҷид низ мутаваққиф шуд.
Хабаргузории Аlarabia.net менависад бо ифтитоҳ шудани кори масоҷид мавориди сироятшавӣ ба ин беморӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Бар тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи тандурустӣ, агар аз аввали мавсим то имрӯз дар ин кишвар 132 048 нафар сироят ёфта бошанд, баъд аз оғози фаъолияти масҷидҳо ва бекор кардани карантин 46 787 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки 35,4 фоизи шумораи умумии сироятёфтагонро ташкил медиҳанд.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки танҳо дар шабонарӯзи охир 4507 нафар аз вируси нав сироят ёфтаанд.
Сабаби ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми бемориро коршиносони соҳа чунин шарҳ медиҳанд, ки дар ин кишвар барои фаъолияти масҷидҳо хеле барвақт рухсат дода шудааст.
Маҳз таҷаммуи одамон дар масҷидҳо боис гардидааст, ки ин беморӣ ногаҳон ва бо суръати тез паҳн шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ