24 соат: 142 557 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуд


Ба ҳолати 17 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 8,2 миллион шуда, зиёда аз 446 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тибқи охирин маълумоти СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 142 557 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 6 592 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 8 263 724 буда, теъдоди фавтидагон 446 122 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ