Тоҷикистон барои гузаронидани туй, парвозҳо ба Дубай ва Ӯзбекистон иҷозат дод


Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1-уми июли соли равон иҷозат дода шуд .
Дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 17 июн таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид, таъкид гардид.
Тавре иттилоъ дода мешавад, бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул намуд, ки тибқи ин он аз 20-уми июни соли 2020 дар ин кишвар барои гузаронидани туйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то сад нафар даъватшуда ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода мешавад.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки масъалаи ташкили парвозҳоро ба самти Россия, Туркия ва Чин мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ таклифу хулоса пешниҳод намояд.

pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ