Стефания Ҷаннинӣ: ЮНЕСКО сиёсати Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунад

Стефания Ҷаннинӣ: ЮНЕСКО сиёсати Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунад
  • Post category:Ҷаҳон


Дар ин бора дар мусоҳиба ба АИ «Дунё» муовини директори генералии ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои таълим Стефания Ҷаннинӣ, ки ба саъю кӯшиши Ӯзбекистон оид ба таъмини таълими муттасил дар вазъияти пандемияи «COVID-19» баҳои баланд дод, изҳор кард.
— Ман хушҳолам, ки нуқтаи назари ЮНЕСКО-ро оид ба вазъияте, ки дар системаи таълими кишварҳои ҷаҳон дар пасманзари пандемияи «COVID-19» ба миён меоянд, инчунин чораҳои аз ҷониби Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди бӯҳрон ва имкониятҳои аз он раҳонидан андешидашуда ба ҳам мебинам, — таъкид намуд Стефания Ҷаннинӣ. — Дуюним моҳ пеш 1,57 миллиард донишандӯз дар тамоми ҷаҳон ногаҳон ба мактаб рафтанро қатъ карданд, ки ҳукуматҳои онҳо дар доираи муборизаи зидди пандемия мактабҳоро бастанд. Ин қарори хеле нозук, вале зарурӣ буд. Дар чунин шароит, ба ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон, лозим омад, ки мушкилоти марбут ба мавҷуд набудани имконоти таъмини иртибот, омода набудани омӯзгорон барои гузариш аз усулҳои анъанавӣ ба усулҳои фосилавии таълим ва барои падару модарон ва фарзандон ғайриодатӣ будани дар хона кор кардан ва таҳсил гирифтанро ҳал кунанд.
Аз аввал ЮНЕСКО ҷомеаи байналмилалиро барои таъмини таълими муттасил, дастгирии кишварҳо ва дарёфт намудани роҳҳои ҳаллу фасли барҳам додани мушкилот сафарбар кард. Бо ин мақсад Коалитсияи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои таълим таъсис дода шуд.
Ӯзбекистон усули ҳамаҷонибаи рафъи бӯҳронро таҳия намуд, ки омӯзиши онлайниро бо чунин усулҳо ба монанди таълим тавассути каналҳои радио ва телевизион дар бар мегирад. Илова бар ин, ҳукумат омӯзгоронро, ки ин яке аз ҷузъҳои калидии раванд ба ҳисоб меравад, дастгирӣ намуд. Бо ифтихор гуфта метавонам, ки ЮНЕСКО сиёсати Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунад ва дар равандҳои ба тарзи нав фаҳмидан ва дигаргуниҳое, ки дар кишвар дар шароити бӯҳрон ба амал меоянд, иштирок менамояд.
Дар ин ҷанба мехостам баъзе нуктаҳои муҳимро дар робита байни ЮНЕСКО ва Ӯзбекистон дар соҳаи таълим, инчунин кӯшиши мусоидат ба коре, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар ин самт ба амал бароварда мешавад, қайд намоям.
ЮНЕСКО оид ба баланд бардоштани саводнокӣ ва такмили малака дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) лоиҳа татбиқ мекунад, ки он дар муҳити ҳозира ва дар ояндаи наздик беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад. Лоиҳаи дувум ба омӯзгорон дахл дорад – мо тақрибан 600 омӯзгорро барои такмил додани муҷаҳҳазӣ ва омодагӣ ба вазъиятҳои бӯҳронӣ, мустаҳкам намудани мавқеи ин касби ифтихорӣ ва арзишманд дар худи асоси низоми таълим, инчунин афзун гардондани саҳми ин соҳа дар пешрафти кишвар меомӯзонем.
Ҳамчун нуқтаи савум имрӯз мехоҳам як ташаббуси хеле бузург – лоиҳаи муштараки аз рӯйи миқёс дар минтақа бузургтарини ЮНЕСКО – Иттиҳоди Аврупо «Рушди малакаҳои шуғл дар минтақаҳои деҳоти Ӯзбекистон» эълон кунам.
Ин лоиҳаи ЮНЕСКО, ки барои он Комиссияи Аврупо тақрибан 10 миллион евро ҷудо мекунад, барои такмил додани таълими техникӣ ва касбӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ, инчунин рушди малакаҳои шуғл дар деҳоти Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст. Ин ҷо сухан дар бораи муттаҳид гардондани донишҳои гуногуни коршиносӣ дар сатҳи миллӣ, таҷрибаи ЮНЕСКО дар соҳаи рушди зарфият ва ҳамкориҳои зич аз Вазорати маориф сар карда, то вазоратҳои кишоварзӣ ва захираҳои об меравад.
Ба фикрам, ин ташаббуси умедбахш ва муҳим аст, зеро он ба ҷавонон, шуғл, омода кардани насли ҷавон барои зиндагии оянда, ки дар шароити кунунӣ муҳим аст, дахл дорад.
Аминам, ки давраи пас аз бӯҳрон давраи тағйироти бузург хоҳад буд. Аз ин рӯ, ЮНЕСКО ислоҳоти васеъмиқёси соҳаи маорифро дар Ӯзбекистон дастгирӣ менамояд ва пеш мебарад. Созмон на танҳо дар доираи ташаббусҳои глобалӣ, балки дар сатҳи кишвар низ шарики калидии ҷумҳурӣ боқӣ хоҳад монд. Ин имрӯз аҳамияти хос дорад.

АИ «Дунё»,
ПАРИЖ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ