АСРОРИ СЕ ПАНД

АСРОРИ СЕ ПАНД
  • Post category:Фарҳанг

Сарватманди адигеиро ягона писар буд. Падар пеш аз марг фарзандро назди худ хонду гуфт:

  • Туро се панд мегӯям, ки бояд тамоми умр риоя намоӣ: ҳеҷ вақт якум салом магӯ; ҳар бегаҳ ширинӣ бихӯр; ҳар субҳ пойафзоли нав бипӯш.
    Баъди чанде падар даргузашт, писар ба иҷрои гуфтаҳои қиблагоҳ шурӯъ намуд: нахустин шуда салом намедод; ҳар шом ширинӣ тановул мекард; ҳар субҳ бо пойафзоли нав аз хона мебаромад. Аммо ҳодисаи ғайричашмдошт рӯй дод: дар деҳа дигар касе бо ӯ гап намезад, ҳама пулаш ба ширинию пойафзол сарф шуд. Баъди ин ҳол ҷавон назди модар омаду гуфт:
  • Оча, наход падар душманам буд, ки чунин пандҳо дод?
    Дар ҷавоб модараш гуфт:
  • Падарат ба ман дахолатро ба корҳои ту манъ карда буд. То вақте ки худ напурсӣ. Панди якум — ҳеҷ гоҳ якум салом магӯ — ба он маънист, ки аз ҳама пештар аз хоб хеста машғули кори саҳро шавӣ, одамони раҳгузар нахуст шуда саломат медиҳанд. Панди дуюм ҳар бегоҳ ширинӣ бихӯр ба он маънист, ки чун рӯзи дароз дар саҳро меҳнат кардӣ, бегоҳ ҳама гуна хӯрок ширин хоҳад буд. Панди сеюм — ҳар субҳ пойафзоли нав пӯшӣ — ба он маънист, ки мард худ бояд қабл аз хоб либосу пойафзолаш тавре тозаву озода созад, ки субҳ ба назараш нав намояд.
    Аз субҳи дигар ҷавон чуноне кард, ки модараш гуфта буд. Муддати мадиде нагузашта сарватманд гашт, зеботарин духтарро ҳамсар гирифт ва пандҳои падарро ба фарзандонаш гуфт.
    Таҳияи Х.ҶОВИД
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ