ДЕЙЛ КАРНЕГӢ: МО ЧАРО БЕМОР МЕШАВЕМ?

Ҳар шахсе, ки бар ташвишу ҳаяҷон ғолиб намеояд, ҷавон мемирад, гуфтааст олими маъруф, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши тиб Алексис Карел.
Ин панд ба ҳама дахл дорад. Вақте гап сари таъсири ташвишу ҳаяҷон меравад, олимону табибон мегӯянд: «Ҳафтод дарсади одамоне, ки ба духтур муроҷиат мекунанд, агар аз ташвишу ҳаяҷон раҳо ёбанд, худ аз худ сиҳат мешаванд». Онҳо бемориҳоеро, аз қабили иллати узвҳои ҳозима дар асоси буҳрони асаб, захми меъда, касалиҳои дил, бехобӣ, сардард ва баъзе намудҳои фалаҷро дар назар доранд.
Тарс ташвишро мезояд, ташвиш бошад, шахсро ошуфтаҳол ва асабӣ намуда, ба асабҳои меъда таъсир расонда, таркиби шираи меъдаро тағйир медиҳад, ки он боиси захми меъда мегардад. Ҷозеф Монтэгю, муаллифи китоби «Иллати меъда дар заминаи асаб», навиштааст: «Захми меъда на аз он чизе, ки шумо мехӯред, балки аз он чизе, ки шуморо мехӯрад, пайдо мешавад».
Табиб У. Алварес низ гуфтааст: «Захми меъда вобаста ба дараҷаи баланд ё паст шудани шиддати изтироб кушода ва баста мешавад». Ҳарос, тарс аз ягон дард, ноумедӣ, изтиробу ҳаяҷон аз бекорӣ, аз бепулӣ, ташвиш аз ояндаи фарзандон касро асабӣ намуда, ба бемории асаб, ғадудҳои сипаршакл, дил ва ғайра гирифтор месозанд. Захми меъда бошад, одамро мекушад ва он аз рӯи маълумоти маҷаллаи «Лайф» дар қатори даҳ бемории марговартарини дунё меистад.

👉👉👉 Тарҷумаи Н.ЁДГОРӢ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ