18-уми июн: аз гузашта то имрӯз

Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҳуқуқи инсон.

Дар Украина -Рӯзи нозирони минтақавӣ.

Соли 1937 аввалин маротиба дар ҷаҳон дар хатсайри Москва- Қутби Шимол –Ванкувер парвози бетаваққуф ба амал омад.

Соли 1952 Англия нақшаи таъсис додани Федератсияи Африқои Марказиро эълон намуд.

Соли 1994 Александр Попов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр (48,21сония) рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Соли 1932 дар Женева аввалин конференсияи байналмилалии Ассотсиатсияҳои баскетболи миллӣ баргузор гардида буд, ки дар он қарор оид ба таъсис додани Федератсияи байналмилалии баскетбол ба миён омад.

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 44-уми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ