Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард

Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард
  • Post category:Ҷаҳон

Дар Русия озмоиши клиникии ваксин алайҳи вируси SARS-CoV-2 оғоз ёфтааст, иттилоъ медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.
Бар хабари манбаъ, алъон мутахассисон самаранокӣ ва бехатарии шаклҳои моеъ ва лофилизатсияшудаи ваксинаҳои коронавирусро таҳқиқ мекунанд.
Дар озмоиш ду гурӯҳи ихтиёриён иборат аз 38 — нафарӣ иштирок мекунанд.
«Ваксинаи дар шакли маҳлул, ки тариқи сӯзандору гузаронда мешавад дар госпитали ҳарбии Бурденко озмуда мешавад. Дигаре, ки дар шакли хока барои тайёр кардани маҳлул аст дар Донишгоҳи Сеченовский мавриди озмоиш қарор мегирад», — таъкид гардидааст дар хабар.
Ҳар ду ваксина аз ҷониби мутахассисони Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф.Гамалей таҳия шуда, иҷозат барои гузаронидани санҷишро як рӯз қабл, санаи 16 — уми июн дарёфт намуданд.
Зикр мегардад, ки пас аз эмкунӣ, ду гурӯҳ ихтиёриёнро ба муддати 28 рӯз дар бемористон хобонда мешаванд.
Зимнан, пизишкон вазъи саломатии онҳо ва раванди ташаккул ёфтани масуният дар бадани онҳо алайҳи ин вирусро тариқи тестҳои хун назорат мекунанд. Инчунин пас аз анҷоми озмоиш, ҳамаи ихтиёриён ба муддати якуним сол таҳти назорати табибон қарор мегиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ