Ба Ҷумҳурияти Қирғизистон сарвазири нав таъин гардид

Парлумони Қирғизистон имрӯз ба ҷонибдории ягона муддаӣ ба курсии сарвазирии ин кишвар овоз дод.
Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон барнома ва ҳайати ҳукумат низ тасдиқ карда шуд. Номзадии Бороновро 105 вакил ҷонибдорӣ карда, ду нафар зид баромаданд.
Қубодбек Боронов, муовини собиқи нахуствазири ин кишвар буд ва зимни баромадаш гуфт, кори ӯро идома хоҳад дод.
Ба иттилои манбаъ, собиқ вакили парлумон Алмосбек Ботирбеков, муовини аввали сарвазир, Таалайбек Темиралиев раиси дастгоҳи иҷроия ва Олтинбек Исмаилов раиси Кумитаи давлатии технологияи иттилоотӣ ва алоқа интихоб гаштаанд.
Ёдовар мешавем, собиқ сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев пас аз ҷанҷолҳои тӯлонӣ бобати фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз санаи 15 июн ба истеъфо рафт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ