Дар вилояти Тошканд ҷонишини ҳокими ноҳия бо ришвахӯрӣ дастгир шуд

Дар барномаи «Ахборот-24» оиди ҳолатҳои коррупсия, ҷинояткориҳои фиребдиҳӣ, ки аз ҷониби мақомоти Хизмати бехатарии давлатӣ ва прокуратура аниқ гардидаанд, маълумот дод. Дар вилояти Тошканд ҷонишини ҳокими ноҳия, ки ба 60 ҳазор доллари ИМА замин фурӯхтан хостааст, ба даст афтод. Дар яке аз ноҳияҳои вилояти Тошканд ҷонишини ҳокими ноҳия аз шаҳрванде, ки барои тадбиркорӣ 10 гектар замини бекорхобида гирифтан хостааст, барои расмигардонии ҳуҷҷатҳои дахлдор 60 ҳазор доллар талаб карда, ҳангоми гирифта истодани 25 ҳазор доллар дастгир шудааст. Дар хабар ному насаб ва аз кадом ноҳияи вилояти Тошканд будани ҷонишини ҳоким маълумот дода нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ