Дар Сурхондарё 250 нафар иштирокдорони тӯй ба карантин гирифта шуданд

Дар Сурхондарё 250 нафар иштирокдорони тӯй ба карантин гирифта шуданд


Сокинони ноҳияи Музрободи вилояти Сурхондарё бо иштироки 250 нафар туй баргузор намуданд. Дар ин бора Хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Сурхондарё хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми тӯй ҳамаи меҳмонони маросимро ба карантин фиристодаанд.
Ин тӯй, ки баъди он беш аз 250 нафар зери муоинаи табибон қарор мегиранд, аввалин нест. Дар вилоят тӯй ва дигар ҷашнҳое низ ба мушоҳида расидаанд, ки бе риояи меъёрҳои санитарӣ гузаронида мешаванд. Ҳокимияти вилоят иттилоъ додааст, ки иштирокчиёни он айни замон ба карантин гирифта шудаанд.
Ғайр аз ин, барои риоя накардани қоидаҳои карантин дар яке аз ташкилотҳои минтақавӣ зиёда аз 300 кас зери муоина гирифта шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин ташкилот ҳарорати баданро намесанҷидаанд, инчунин аз маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳо истифода намекардаанд. Дар натиҷа корманди аз Тошканд баргашта 9 нафарро сироят карда, боз дар чанд каси дигар дар сироятёбӣ аз коронавирус гумонбар дониста мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ