COVID-19: то имрӯз зиёда аз 450 ҳазор нафар гирифторони беморӣ вафот карданд


Ба ҳолати 18 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 8,4 миллион шуда, зиёда аз 450 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 141 872 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 264 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 8 400 274 буда, теъдоди фавтидагон 451 265 мебошад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 234 471 нафар), Бразилия (960 309), Россия (553 301), Ҳиндустон (367 264), Британияи Кабир (299 251), Испания (291 763), Перу (240 908), Италия (237 828), Эрон (195 051) ва Германия (190 179) ва дохил мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ