COVID-19: Ҳукумати Қирғизистон аз бад шудани вазъият хабар дод


Ҳукумати Қирғизистон аз бад шудани вазъият дар робита ба авҷи маризии коронавирус хабар медиҳад.
Ба иттилои муовини вазири тандурустӣ Нурбулот Усенбаев, шабонарӯзи ахир дар қаламрави ин кишвар боз 90 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид. Як рӯз қабл теъдоди мавридҳои ҷадид ба 100 нафар баробар буд, ки аз оғози бурузи ин маризӣ калонтарин нишондод будааст.
Зимнан, Усенбоев аз фавти як сокини 36 — сола хабар дода, афзудааст, ки марҳум дар бозори Бишкек ба фурӯши меваю сабзавот машғул буда, то чанд муддат ба худдармонӣ машғул будааст.
Гузашта аз ин, сокини 36 — сола барои иштирок дар маросими азодорӣ ба вилояти Ҷалолобод низ сафар доштааст, таъкид намуд Усенбоев.
Дар муассисаҳои тандурустии Қирғизистон феълан 1160 мариз қарор доранд. Гузашта аз ин 10 664 нафар ба қарантини хонагӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар Қирғизистон теъдоди умумии қурбониён аз маризии коронавирус ба 29 нафар расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ