Муҳоҷирон аз Русия ба Ӯзбекистон чӣ қадар пул фиристоданд?


Дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Ӯзбекистон ба андозаи 7,2 дарсад кам шудааст.
Тибқи гузориши Бонки марказии Русия интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Ӯзбекистон дар семоҳаи аввали соли 2020 ҷамъ 759 миллион долларро ташкил додааст.
Зимнан, интиқоли пул аз дигар кишварҳои ИДМ низ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, интиқолҳо аз Русия ба Қирғизистон 20,7 фисад коҳиш ёфта, 359 миллион долларро ташкил доданд.
Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон интиқоли пулро ба ватанашон 22,3 дарсад кам карданд — дар семоҳаи аввал ба маблағи 359 миллион доллар фиристода шуд.
Қаблан Оҷонсии Bloomberg қайд карда буд, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ коҳиши назарраси интиқоли пул аз Русия ба назар мерасад.
Омили асосии коҳиш ёфтани интиқоли маблағ ин авҷи маризии коронавирус мебошад, ки ба иқтисодиёти ҷаҳон талмаи сахт ворид кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ