Ду нафар ходими ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» мубталои каронавирус шуданд

Ду нафар ходими ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» мубталои каронавирус шуданд


Дирӯз, 17 — уми июн, 13 нафар гирифтори бемории коронавирус гардиданд. Дар байни онҳо кормандони ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ва Девони Вазирон низ ҳастанд. Дар ин бора, Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Аз ҷумла, ба корманди корҳои дохилии шаҳри Тошканд, як сокини ноҳияи Миробод (ҳарду ҳам аз сабаби табларза ва дарди гулӯ аз санҷиши тиббӣ гузаштаанд) ва ду нафар мутахассиси ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» (бо мақсади давом додани фаъолият аз санҷиши тиббӣ гузаштаанд) сирояти беморӣ муайян гардидааст.
Инчунин, ходими стансияи барқии вилояти Сирдарё ва писари ӯ, сокини ноҳияи Чирчиқ, 3 нафар кормандони тиббии шифохонаи бемориҳои чашмӣ вилояти Бухоро низ вирус муайян карда шуд.
Мувофиқи маълумотҳо аз 15 нафар бемори то ҳол ташхисшуда 9 нафараш дар Тошканд ба қайд гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ