Беписандӣ ба қонун ҷавобгарӣ дорад!


Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеонаворе паҳн гардид, ки дар он чанд нафар шабона дарахтони қади роҳи кӯчаи ба номи Рӯдакии шаҳри Самарқандро мебуриданд. Бо мақсади баррасии ин масъала аз тарафи инспекторони назорати инспексияи ҳифзи экологияи ва муҳити атрофи шаҳри Самарқанд корҳои ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷа аён гардид, ки 13-уми июни соли 2020, поси шаб ду дарахти ба рӯйхат гирифташударо — як дарахти арчаи диаметраш 26 ва як дарахти тути диаметраш 33-и кӯчаи Рӯдакии шаҳри Самарқандро ғайриқонунӣ буридаанд.
Пас аз чорабиниҳои омӯзишӣ ва ҷустуҷӯӣ аён гардид, ки ин амали ғариқонунӣ аз тарафи корманди Ҷамъияти маҳдудмасъулияти “MESE YOL” Қ.Р. иҷро гардидааст. Нисбат ба Қ.Р. дар асоси 79 моддаи Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон ба миқдори 1115000 (як миллиону яксаду понздаҳ ҳазор сӯм) ҷарима ва 11484500 (ёздаҳ миллиону чорсаду ҳаштоду чор ҳазор сӯм) зарар муайян гардида, далолатнома тартиб дода шуд.
Инчунин, шаби 14-уми июн аз тарафи корманди ҳамин ташкилот Ҳ.Т. ба таври ғайриқонунӣ буридани як дарахти чинор аниқ гардид ва нисбат ба вайронкунандаи қонун чораҳои зарурӣ дида шуд.
Корманди Ҷамъияти маҳдудмасъулияти “MESE YOL” Ҳ.Т. барои пардохти зарари расонидашуда ва ба ҷойи дарахти чинор коридани 10 адад ниҳоли қимат ва парвариш кардани он ӯҳдадор гардид.
Аммо баъд аз анҷоми чунин корҳои огоҳкунанда низ, кормандони Ҷамъияти маҳдудмасъулияти “MESE YOL” ба ҷойи хулоса кардан, боз ба амали дарахтбурӣ роҳ доданд. Рӯзи 16-уми июни соли ҷорӣ аз тарафи идоракунандаи ташкилот Э.Ш буридани як дарахти чинори диамтераш 42 ва як дарахти тути диамтераш 32-и қади кӯчаи Рӯдакии шаҳр ошкор гардид.
Новобаста аз огоҳӣ барои беписанд кардани қонунҳо нисбат ба идоракунандаи Ҷамъияти маҳдудмасъулияти “MESE YOL” Э.Ш мутобиқи 79 моддаи Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон ҷарима дар ҳаҷми 1115000 (як миллиону яксаду понздаҳ ҳазор сӯм) ва зарар ба миқдори 18174500 (ҳаждаҳ миллиону яксаду ҳафтоду чор ҳазору панҷсад сӯм) муайян гардида, далолатнома тартиб дода шуд.
Хизмати матбуоти Садорати ҳифзи экологияи ва муҳити атрофи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ