Дар Самарқанд 92 нафар хонанда мактабро бо медалҳои тилло хатм карданд

Дар Самарқанд 92 нафар хонанда мактабро бо медалҳои тилло хатм карданд


Дар Маркази ҷавонони вилоят тадбири тақдиронидани хатмкардагони боистеъдоди мактабҳои миёнаи шаҳри Самарқанд шуда гузашт.
Дар тадбире, ки ба воситаи Zoom ташкил карда шуд, ҳокими шаҳри Самарқанд Б. Облоқулов иштирок намуда, хатмкунандагонро табрик кард.
Таъкид гардид, ки дар назди шӯъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд 79 мактаби таълими умумӣ ва 1 мактаби бачагонаи «Баркамол авлод» инчунин, мактаби ихтисосонидашудаи фанҳои табиӣ ва амиқи назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият мебаранд.
Дар соли таҳсили 2019-2020 синфи 9-уми мактабҳои таълими умумиро 6 285 нафар ва синфи 11-ро 6.248 нафар хатм кардаанд.
Аз хатмкунандагони синфи 9-ум 260 нафар шаҳодатномаи аъло, 20 нафар хатмкунандаи синфи 11-ум бо нуқра ва 92 нафарашон бо медалҳои тиллоӣ сарфароз гардиданд.
Инчунин, 10 нафар писарону духтароне, ки дар соҳаҳои гуногун ба муваффақият расидаанд, ба ҳуқуқи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ соҳиб шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ