Рӯзи 19-уми июн дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона.

Дар ИМА — Рӯзи озод намудани ғуломон.

Дар Кувайт иди миллӣ — Рӯзи истиқлолият.

Соли 1932 дар Австрия фаъолияти ҳизби миллатгароён қатъ карда шуд.

Соли 1938 дастаи мунтахаби Италия чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Дар мусобиқаи финалӣ онҳо тавонистанд дастаи пурқуввати ҳарифашон-Венгрияро бо ҳисоби 4:2 шикаст диҳанд.

Соли 1944 дар Англия кабобе омода карда шуд, ки зиёда аз 880 метр дарозӣ дошт ва ба китоби «Рекорди ҷаҳон» ворид карда шуд.

Соли 1962 аввалин Анҷумани зиёиёни Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Соли 1968 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи амнияти кафолати ваколати кишварҳое, ки яроқи ҳастаӣ надоранд, қатънома қабул кард.

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ