Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 тарҳи медалашро тасдиқ кард

Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 тарҳи медалашро тасдиқ кард


17 июни соли равон, Кумитаи тадорукоти 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё – Санйа-2020 тарҳи медалро муаррифӣ кард. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Рӯйи медал аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал – давра рамзи офтоб ва моҳро ифода мекунад. Дар давра рамзи Бозиҳои соҳилии Осиё ва акси ташаккули санги Тианйа, ки таърих ва фарҳанги Санйаро бозгӯ мекунад, ҷойгир карда шудааст. Қисмати дуюм ва асосии медал аз сурати табиати Санйа – халиҷҳои васеъ, мавҷҳо ва соҳили баҳр – иборат аст.Дар пушти медал рамзи Шӯрои олимпии Осиё ва дар бари медал ибораи англисии «Welcome to Tianya Haijiao» (Хуш омадед ба Тианйа Ҳайҷао) нақш ёфтааст. Тианйа Ҳайҷао маънии «лаби осмон ва соҳили баҳр»-ро дорад.
Ёдовар мешавем, ки 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё аз 28 ноябр то 6 декабри соли 2020, аз рӯи 17 намуди варзиш, 19 равия ва 93 мусобиқа доир хоҳад шуд. Бояд қад кард, ки аввалин Бозиҳои соҳилии Осиё соли 2008 дар Бали (Индонезия) баргузор шуда буд. Маскат (Уммон) соли 2010, Ҳайанг (Чин) соли 2012, Пҳукет (Тайланд) соли 2014 ва Дананг (Ветнам) соли 2016 мизбони бозиҳо буданд.

khovar.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ