Мария Захарова: хуруҷи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон боиси афзоиши таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд

Мария Захарова: хуруҷи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон боиси афзоиши таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Россия бар ин бовар аст, ки хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон наметавонад боиси афзоиши таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе дар брифинг намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Мария Захарова (дар акс) изҳор намуд, хабар медиҳад ТАСС.
«Бовар надорем, ки хуруҷи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон боиси афзоиши таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Баръакс, ҳузури низомиёни амрикоӣ ва НАТО барои мухолифини мусаллаҳ як омили таҳриккунанда ва монеи эътидоли вазъи кишвар аст» — гуфт ӯ.
Ба гуфти дипломат, ҷониби Россия умедвор аст, ки татбиқи созишномаи сулҳ байни ИМА ва Толибон (намояндагони ҷунбиши Толибон, ки дар ФР мамнуъ шудааст), ки 29 феврал дар Доҳа ба имзо расидааст, боиси хуруҷи комили нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хоҳад шуд. «Инчунин ба фикри мо эътидоли авзоъ дар кишвар ба ҳукуматдорони Афғонистон имкон медиҳад, ки ба таҳдидҳои терроризм ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, ки ҳоло қаламрави Ҷумҳурии Исломиро фаро гирифтаанд, ба таври самаранок мубориза баранд» – афзуд ӯ.
Намояндаи расмии идораи дипломатӣ қайд кард, ки ФР иқтидори пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон мустаҳкам хоҳад кард. «Мо ин иқдомотро шарти муҳими баланд бардоштани бехатарии сарҳадоти ҷанубии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) меҳисобем» – иброз намуд Захарова.
Вай ёдовар шуд, ки дар доираи СААД як қатор чорабиниҳо ҷиҳати коҳиши ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон амалӣ карда мешаванд. «Инчунин ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти иктишофӣ дар самти назорати ҷойивазкунии ҷангиён ва мониторинги самтҳои ниҳоят хатарнок чораҳо андешида мешаванд», — қайд намуд дипломат.
Тавре Захарова таъкид намуд, СААД ба ҳама гуна сенарияи рушди вазъи низомӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон омода аст. «Давлатҳои аъзо барои таҳкими марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД муштаракан талош менамоянд, аз ҷумла таҷрибаи доир намудани машқҳои қисмҳои низомии ин сохторро дар ноҳияҳои бо Афғонистони ҳамсарҳади Тоҷикистон идома медиҳанд», – хулоса намуд вай.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ