Оё медонед, ки зери офтоб будан барои киҳо хатарнок аст?


Шифокорон чунин мешуморанд, ки баъзе одамон набояд дар ҷойҳое, ки нури офтоб рост меафтад, қарор гиранд. Зеро, он ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.
Назар ба ақидаи муттахассисон, шахсони гирифтори бемории фотодерматоз ё фотодерматит бояд худро аз нурҳои бевоситаи офтоб муҳофизат намоянд. Зеро, нури офтоб ба пӯсташон таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Онҳое, ки антибиотик қабул мекунанд, набояд дар нури офтоб тоб гиранд.
Шифокорон мегӯянд, ки офтоб метавонад ба бемориҳое чун онкология, саратони пӯст ва меланома оварда расонад.

«Одатан, ба ин гурӯҳ одамоне дохил мешаванд, ки пӯсти дурахшон ва холҳои зиёд доранд», — гуфт иммунолог-аллерголог Владимир Болбибок.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ