Маркази байналхалқии таҳқиқотии Имом Бухорӣ китоберо таҳия намуд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО нашр гардид

Маркази байналхалқии таҳқиқотии Имом Бухорӣ китоберо таҳия намуд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО нашр гардид

🔰 Монографияи илмии директори Маркази байналхалқии таҳқиқотии Имом Бухорӣ назди Девони Вазирон, номзади илмҳои таърих, дотсент Шовосил Зиёдов «Маводҳо оид ба сфрагистикаи Осиёи Марказӣ (Тошканд. охири асри XIX — аввали асри ХХ) каталоги мӯҳрҳо» дар ҳамкории ЮНЕСКО ба табъ расид.
Монографияи мазкур аз маҷмӯаи каталогҳои мӯҳрдор иборат буда, 176 саҳифаро дарбар мегирад. Аз ҷониби аъзоёни ҳайъати таҳрири байналхалқӣ ба монанди Баҳром Абдуҳалимов, Бахтиёр Бобоҷонов, Девин Дэвис, Ҳисао Коматсу, Шоҳин Мустафоев, Юрген Поул таҳрир шудааст. Инчунин, доктори илмҳои фалсафа, профессор Роиқ Баҳодиров, доктори илмҳои таърих, профессор Аширбек Муминов ва Санҷар Ғуломов муҳаррирони илмии китоб мебошанд. Лоиҳаро профессор Д.Вояткин роҳбарӣ намудааст.
Муаллиф тӯли якчанд сол дар ин монография тадқиқоти илмӣ бурдааст.
Ин таҳқиқот бо тавсияи Шӯрои илмии Институти байналхалқии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (ЮНЕСКО) мувофиқи лоиҳаи «Дастнависҳо ва мероси илмии ҳуҷҷатҳои халқҳои Осиёи Марказӣ»- и Маркази байналхалқии тадқиқотии Имом Бухорӣ анҷом дода шудааст.
Корҳои табъу нашр бошад бо дастгирии Маркази тадқиқотҳои илмиву миллии Франсия ва Донишкадаи шарқшиносии ба номи Абу Райҳон Берунӣ, Хазинаи Герда Хенкели (“Gerda Henkel Stiftung”) Германия, инчунин, дар доираи стипендияи Фернанд Бродел дар соҳаи иҷтимоиву гуманитарии хазинаи «Инсон ва хонаи илмҳо» (la Fondation Maison des sciences de l’homme (FMSH) амалӣ гардид.
Китоби мазкур тавсифи илмиву танқидии мӯҳрҳоеро дарбар мегирад, ки дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абу Райҳон Беруни Академияи илмҳои Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд.
Китоб барои таърихчиён, олимони манбаъшинос, шарқшинос, донишҷӯён ва устодон, инчунин мутахассисоне, ки ба таърихи Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

Хизмати матбуоти Маркази илмиву тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ