Мо бояд чӣ қадар об нӯшем?


Одам бояд дар як шабонарӯз чӣ қадар об нӯшад? Ба ин савол мутахассисони соҳа ҳар хел рақамҳоро ба забон меоранд. Як гурӯҳ дар як шабонарӯз 1,5 литрро тавсия диҳанд, қисми дигарашон 2 литр ва ҳатто 3 литр мегӯянд. Вале дар ин бора фикри доктори фанҳои тибби Россия Александр Мясников дигар хел аст. Бо ақидаи ӯ организм дар як шабонарӯз чӣ қадар моеъ хориҷ карда мебарорад, аз ҳисоби ҳамаи маеъгиҳое, ки бо хӯрокворӣ қабул менамояд, тарҳ кунем, 400-500 грамм мешавад. Ана ҳамин қадар моеъ барои организм ҳаётан муҳим аст. Ҳамаи он обу моеъе, ки зиёда аз он одам истеъмол мекунад, боиси бисёртар хориҷшавии пешоб мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ