22 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Пекин

22 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Пекин
  • Post category:Ҷаҳон


Дар шаборӯзи охирин дар Пекин, пойтахти Чин 22 мавриди нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора хабаргузории Синхуа хабар дод. Ҳамчунин, 4 нафари дигар эҳтимолан гирифтори COVID-19 шудаанд. Аз оғози пандемия то ба имрӯз шумори кулли беморони маҳаллӣ дар Пекин ба 625 тан расидааст. 411 нафари онҳо баъди муъолиҷа дар беморхонаҳо сиҳату солим ба хонаи худ баргаштанд. 174 нафар бемор аз дигар шаҳру вилоятҳо ба Пекин ворид шудаанд. Илова бар ин, 17 тан мубталои коронавирус, ки бемориашон бенишона аст, таҳти назорати шифокорон қарор доранд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ