Қарзи хориҷии Ӯзбекистон 2,8 дарсад афзоиш ёфт

Қарзи хориҷии Ӯзбекистон 2,8 дарсад афзоиш ёфт


Дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ қарзи хориҷии Ӯзбекистон 692 миллион доллар, ё 2,8 дарсад афзоиш ёфт.
Бино ба додаҳои Бонки марказӣ, дар айни ҳол ҳаҷми кулли қарзи хориҷии кишвар ба 25,1 миллиард доллар расид.
Бонки марказӣ ин вазъиятро чунин тавзеҳ дод: “Ҷазби қарзҳои нави хориҷӣ барои коҳиш додани таъсири иҷтимоъӣ ва иқтисодии буҳроне, ки бо паҳншавии COVID-19 омад ва таъмини молии барномаҳои давлатии рушди заминаҳои иқтисод ва минтақаҳо боиси ин ҷараён (яъне афзоиши қарз — ovozi.uz) шуд.
Қарзи хориҷии Ӯзбекистон қисман давлатӣ ва боқӣ хусусӣ аст. Ҳаҷми қарзи хориҷии давлатӣ 16,2 миллиард доллар ва хусусӣ 8,9 миллиард доллар мебошад.
Дар зимн, Ӯзбекистон дар семоҳаи аввали сол 132 миллион доллар қарзи асосӣ ва 93 миллион доллар фоизи қарзи хориҷиро пардохт кард.
Манбаъ: spot.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ