Зиёда аз 1 миллион тан дар Бразилия мубталои коронавирус шуданд


Дар Бразилия шумори гирифторони коронавирус ба 1 миллиону 32 ҳазору 913 нафар расид.
Дар ин бора маркази матбуъотии вазорати тандурустии кишвар хабар додааст.
Дар зимн, рӯзи 19 июн 54 771 тан гирифтори вирус шуданд ва 1206 тан бар асари ин беморӣ вафот карданд.
Аз оғози пандемия дар Бразилия 48 954 тан қурбони коронавирус шуданд, 502 200 тан бемор баъди муъолиҷа сиҳат гардиданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ