Чин низомиёни асири ҳиндро озод кард

Чин низомиёни асири ҳиндро озод кард
  • Post category:Ҷаҳон


Чин 10 нафар низомии Ҳиндустонро, ки ҳангоми даргириҳо дар Ладакҳ асир гирифта буд, озод кард. Дар ин бора NewsIn Asia хабар дод.
Гуфта мешавад, ки низомиёни ҳинд баъди музокироти дуҷонибаи рӯзи 18 июн озод шуданд. Ҳамаи онҳо ба ватан баргаштанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 15 июн дар марзи Ҳиндустон ва Чин низомиёни ду кишвар даргири ҳам шуданд. Дар ин ҳодиса 20 тан низомии ҳинд кушта ва 76 нафари дигар захмӣ шуданд. Қобили зикр аст, ки дар 45 соли охир ин нахустин ҳодисаи қурбонии низомиён дар ин минтақа мебошад.
Расонаҳои хабарии Ҳиндустон дар бораи кушта шудани низомиёни Чин таъкид карданд. Вале мақомоти Чин дар ин бора хабари расмӣ надодаанд.
Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон баъди ин ҳодиса эълон кард, ки кишвараш дар сурати зарурӣ метавонад ба Чин ҳамла кунад.
Дар зимн, Пекин бо таъкид кард бар он, ки низомиёни ҳинд бо убури ноқонунӣ аз марз ба сарбозони чинӣ ҳамла кардаанд, Ҳиндустонро масъули ин даргирӣ эълон кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ