Мутахассиси турк муъовини раиси Uzbekistan Airways таъин шуд


Орхан Сиврикая, мутахассиси Туркия муъовини раиси ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways таъин гардид.
Ин қарор дар ҷаласаи умумии Uzbekistan Airways рӯзи 18 июни соли 2020 гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Орхан Сиврикая моҳи ноябри соли 2017 мушовири раиси Uzbekistan Airways дар масъалаҳои рушди стратегикӣ таъин шуда буд.
Орхан Сиврикая соли 1967 таваллуд шудааст. Сиврикия муҳассили факултаи муҳандисии Донишгоҳи Босфор аст. Ӯ номзади илми техника мебошад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ