Қаҳрамонии сагҳо дар фронт


Дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ баробари аскарон ҳайвонот – асп, шутур, ҳатто сагу кабӯтарон ҳам хизмат кардаанд. Аз ҳама бештар‑68 ҳазор сар сагҳо паҳлӯ ба паҳлӯи ҷанговарон истода, захмиёнро аз майдони муҳорибаҳо баровардаанд, вазифаи алоқачиёнро ба ҷо овардаанд, худро ба зери танку поезди душманон партофта, аслиҳаву муҳимоти ҳарбиро таркондаанд. Онҳо низ мисли сарбозон гуруснагӣ кашида, дар хандақҳо тар шудаанд, хунук хӯрдаанд, ба ҷанговарон рӯҳу қувват бахшидаанд. Ҳарчанд, ки қаҳрамониҳои онҳо чандон таърифу тавсиф карда нашаванд, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро наҷот дода, ба низдиксозии рӯзи Ғалаба ҳисса гузоштаанд..
23-юми августи соли 1924 бо фармони Шӯрои инқилобии ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди Мактаби олии тактикӣ-­тирандозии «Выстрел»-и Москва мактаб-­парваришгоҳи марказии омӯзиши таҷрибавии ҳарбӣ ва варзиши сагҳои «Ситораи сурх» ташкил гардид.
Дар аввали соли 1941 «Ситораи сурх» сагҳоро ба 11 намуди хизмат тайёр намуд. Ҳатто фашистон ҳасад мебурданд, ки «дар ҳеҷ куҷо, чун Россия сагҳои ҳарбӣ ин қадар самаранок истифода бурда намешаванд».
Баъдтар дар асоси ин таҷриба клубҳои дигари тайёрсозии сагҳои хизматӣ авҷ гирифт. Ҳангоми даъвати ҳарбӣ ба ҳисоби армия додани сагҳои ҳушёру зирак низ эълон карда мешуд. Ба сагҳо дар ин клубҳо «таълим» дода, ба фронт мегуселониданд
Қариб 15 ҳазор сагҳои санитарӣ зимистон бо чана ва тобистон бо аробачаҳои махсус зери борони тир ва таркиши снарядҳо қариб 700 ҳазор сарбозони маҷрӯҳро аз майдони ҷанг бароварда, ба қисмҳои ҳарбӣ 3500 тонна лавозимоти ҳарбӣ расондаанд.
– Дар вақти оташфишонии сахт мо, санитарҳо, ба назди ҳамяроқони маҷрӯҳи худ рафта наметавонистем, – он солҳоро ёдоварӣ карда навиштааст Сергей Соловёви тюменӣ. – Ба захмиён ёрии таъҷилии тиббӣ зарур буд. Ҷароҳатҳояшон вазнину хунашон мерафт. Байни ҳаёту марг дақиқаҳо монда буданд… Ба ёрии онҳо сагҳо мешитофтанд. Онҳо гаваккашон ба назди захмиён мерафтанд ва сумкаи тиббии дар паҳлӯяшон бударо медоштанд. Босаброна, то захми худро бастани сарбоз тоқат мекарданд. Баъди ҳамин ба назди маҷрӯҳи дигар мерафтанд. Онҳо мурдаро аз зинда бехато фарқ мекарданд, зеро бисёри ҷанговарон дар ҳолати беҳушӣ мехобиданд. «Чорпойи санитар» рӯи ин хел ҷанговаронро то вақти ҳушёршавӣ мелесид… Зимистони Заполярия қаҳратун аст. На як бору ду бор аз дасти сардии шадид маҷрӯҳонро сагҳо бо нафаси худ гарм кардаанд. Шумо мумкин аст, ки ба гапҳои ман бовар накунед, вале сагҳо дар болои мурдаҳо ҳатто мегиристанд…
Ҳиссаи сагҳои алоқачӣ дар пешрафти ҳуҷуми армия беназир буд. Дар вазъиятҳои ниҳоят вазнини ҷанг ва роҳҳое, ки ҳатто гузаштани одам мумкин набуд, сагҳо вазифаи алоқачиёнро бошарафона ба ҷо овардаанд. Ба воситаи онҳо 200000 маълумот ба қисмҳо дастрас гардидаанд. Ба масофаи 8000 километр симҳои телефон кашида, барои алоқаи телефонии байни қисму иттиҳодияҳо шароит фароҳам оварданд.
Дар солҳои ҷанг ба воситаи 6000 саги минаков бо ҳамроҳии сапёрон 4 миллион адад мина ва дигар моддаҳои тарканда ёфта, безарар гардонида шудаанд. Сагҳо барои аз минаҳо тоза кардани шаҳрҳои Белград, Киев, Одесса, Новгород, Витсбек, Полск, Варшава, Прага, Вена, Будапешт, Берлин ва ғайра фаъолона иштирок кардаанд. Дарозии умумии роҳҳои аз мина тоза кардаи сагҳои минаҷӯ 15153 километрро ташкил медоданд. Ҳатто Дик ном саге бо ёфтани 12000 минаи душман машҳур гашта буд. Бо вуҷуди захму ҷароҳатҳои зиёд дар чандин намоишгоҳи сагҳо иштирок кард. Ин саг – ветерани ҷанг умри дароз дид ва баъди мурдан бо тамоми ҳурмату эҳтироми ҳарбӣ ба хок супурда шуд.
Саги дигари минаков Юлбарс, ки соҳиби медали «Барои корнамоиҳои ҳарбӣ» гашта буд, 24-уми июли соли 1945 дар паради Ғалаба иштирок кард.

Таҳияи
Б.РУСТАМЗОД

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ