Пешниҳоди порлумони Аврупо бобати шикоят ба додгоҳи СММ аз Чин


Порлумони Аврупо рӯзи 19 июн дар ҷаласаи онлайн қатъномаи марбут ба Чин ва Ҳонгконгро қабул кард. Дар қатънома аз раёсати Порлумони Аврупо чунин дархост мешавад – дар сурати қабул шудани қонуни амнияти миллӣ барои Ҳонгконг аз сӯи Пекин, ба додгоҳи (суд) байналмилалии СММ дар Ҳаага алайҳи Чин шикоят карда шавад ва фишори иқтисодӣ ба ин кишвар амалӣ гардад.
Аксари намояндагони порлумон ин қатъномаро пуштибонӣ карданд, 34 нафар муқобил ва 62 нафар бетараф буданд.
Гуфта мешавад, ки қонуни нави амнияти миллии Чин бобати Ҳонгконг принсипи “як кишвар – ду система”-ро, ки мақоми мухторияти Ҳонгконгро муъайн месозад, вайрон мекунад ва ин асос барои шикоят мебошад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ