Таҳдиди нобуд кардани Кореяи Шимолӣ ба ИМА

Пхенян ба ИМА ҳушдор дод, ки оғози ҷанги нав дар нимҷазираи Корея мумкин аст боиси нест шудани ИМА гардад. Дар ин бора сафорати Кореяи Шимолӣ дар Маскав хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ИМА тӯли даҳсолаҳои охир ба ҷои дарс гирифтан аз ҷанг дар нимҷазираи Корея, кӯшишҳои нави ҷангҷӯёнаро амалӣ кард.
Дар баёнияи сафорати Кореяи Шимолӣ чунин омадааст, “ИМА соли ҷорӣ низ дар Кореяи Ҷанубӣ ва минтақаҳои марзии он размоишҳои гуногуни низомиро анҷом медиҳад. Ҳадаф аз он ҷойгир кардани нерӯҳои мусаллаҳи амрикоӣ дар нимҷазираи Корея ва ҳамлаи сареъ ба Кореяи Шимолӣ аст. Ҷанги нав дар нимҷазираи Корея дар таърихи башар ҳодисаи аз байн рафтани империяи дигаре ба номи ИМА-ро сабт хоҳад кард”.
Ҷанги Корея аз 25 июни соли 1950 то 27 июли соли 1953 идома додааст. ИМА тарафдори ҷануб ва Чин пуштибони шимол дар ҷанг буданд. Ҷанг бо сулҳи тарафҳо поён ёфт.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ