Шаҳрдори Бишкек мубталои коронавирус шуд

Шаҳрдори Бишкек мубталои коронавирус шуд


Азиз Суракматов, шаҳрдори (мер) Бишкек, пойтахти Қирғизистон гирифтори COVID-19 шуд. Дар ин бора Балбак Тулобаев, раиси дастгоҳи шаҳрдории Бишкек эълон кард.
Тулобаев гуфт, “Афсӯс, ки охирин тести коронавирус барои Азиз Суракматов, шаҳрдори Бишкек натиҷаи мусбат дод”.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрдор 3 рӯзи охир худро дар инзиво (изолятсия) нигоҳ дошт. Таби ӯ баланд нест. Вай афзуд, “Ӯ кори худро фосилавӣ идома медиҳад, хидматрасониҳои шаҳр дар меъёр кор мекунанд. Илтимос! Вирус мавҷуд ва ин хатарнок аст. Ниқоб пӯшед! Аз воситаҳои гигиена истифода кунед! Ба ҳеҷ куҷо наравед!”.
Дар ҳоли ҳозир шумори кулли беморон дар Қирғизистон ба 2 ҳазору 981 тан расидааст. 35 тан қурбони вирус шуданд. 1981 тан бемор баъди муъолиҷа комилан сиҳат шуданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ