Ба китобхонӣ вақт надорам, мегӯянд

Ҳоло ба кадом шаҳр ва ноҳияи мамлакатамон наравед, чунин манзара ба назар мерасад. Дари дӯконҳои «Вино – водка», «Шароб – май»- и арақфурӯшӣ, ки дебочаи оғози бадбахтиҳост, кушода аст. Фурӯшандагон ба шумо беш аз 100 хели онро таклиф мекунанд. Имрӯзҳо чунин мағозаҳо чун замбӯруғи баъди борони баҳорӣ зиёд гардидаанд. Касб фикри «аз ин мебарояд, ки ба ҳамин қадар дӯкони арақфурӯшӣ эҳтиёҷ будааст – дия» меравад. Охир ин дӯконҳо бидуни қарзу қавола кор карда истодаанд…
Аммо мутаассифона, дӯкони китобҳо, ки дар худ дониш ва маърифати ҳазорсоларо ҷамъ кардаанд, назар ба дӯконҳои фурӯши нӯшокиҳои спиртдор кам мебошанд. Баъзан аз шиносҳоям мепурсам, ки моҳҳои охир кадом китобро мутолиа кардед? Онҳо бо табассум мегӯянд: «дар замони имрӯза ба китобхонӣ вақт нест». Дар рӯзнома ва маҷаллаҳо мақолаҳоро роҷеъ ба мамлакатҳои тараққиёфта хонда меистам. Дар мамлакатҳои тараққиёфта вақти зиёди худро ба китобу маҷаллахонӣ сарф мекунанд. Яке аз адибони машҳур гуфтааст, ки савияи тафаккури миллат бо чӣ хел адабиёт хондани он ҳисоб карда мешавад. Яке аз адибони асри гузашта бонг задааст: «фарзандҳои бою бадавлати миллатамон аз илму маърифат дур, дар чойхонаҳо бо арақу пивонӯшӣ машғуланд».
Имрӯзҳо одамон бо мутолиаи кадом китоб не, балки дар кадом ресторан ё ки қаҳвахона бо кӣ нишастанашонро гуфта, худро таъриф мекунанд.
Ба Офаридгор шукр, ки Сарвари давлатамон зуд – зуд таъкид мекунанд, ки одам худро ба китобхонӣ одат кунонданаш лозим. Президентамон роҷеъ ба дастгирии мутолиаи китоб қарори махсус бароварданд. Сӯйи тараққиёт танҳо бо роҳи китобхонӣ, донишомӯзӣ рафтан ҳақиқати таърихист.
Ба фикрам, ҳар шахсе, ки ояндаи миллатро фикр мекунад, бояд маънавиятро дастгирӣ кунад.
Хушбахтона, солҳои охир дар вилоятамон, аз ҷумла, дар шаҳри Самарқанд мағозаҳои китоб кушода шуданд. Фарзанд дар оила дар олами китоб ба воя расад, соҳиби маърифати воло мешавад. Одамон дар ҳафтаву моҳ як маротиба ба дӯкони китоб даромада, одати барои ба ҷигарбандонашон китоб хариданро пайдо кунанд, бисёр хуб мешуд. Онҳо ба мағозаҳои китоб даромада, рӯй ба фурӯшанда оварда «Барои фарзандам аз китоб­ҳои арзон диҳед» нагӯянд. Зеро китоб бебаҳост.
Рӯзе ба ҳавлии хонадоне, ки ба қасри подшоҳӣ монанд аст, даромадам. Соҳибхона зебоии хонаҳоро як – як нишон дода таъриф кард. Аз ӯ пурсидам, ки ҷевони китобҳо куҷост? Ӯ хиҷолат кашида посух дод, ки дар хона гузоштани ҷевони китобмонӣ ба гӯшаи хаёлаш наомадааст. Ба қарибӣ фаҳмидам, ки соҳиби ин хонадон ҷевони китоб харида, дар он адабиёти бачагона гузоштааст.
Ҳар кас бояд бо китобу рӯзномахонӣ хонаи тафаккурро бо чароғи маънавият равшан намояд. Чунки ҷойи сарвати маънавии гумшударо аз нав барқарор кардан вазифаи бисёр мушкил мебошад.

Ҷамшеди ПУРАСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ